Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 3 рӯз мотами миллӣ эълон шуд


Дар Покистон 3 рӯз мотами миллӣ эълон шудааст. 16 декабр дар як ҳамлаи террористӣ 132 кӯдак ва 9 омӯзгори мактаб кушта шуданд. Ин 141 нафар ҳангоме ба қатл расиданд, ки тундравҳо ба як мактаби зери назари низомиён дар Пешовар ҳамла бурданд.

Ин фоҷеабортарин ҳамлаи террористӣ дар Покистон ба шумор меравад. Толибон мегӯянд, ки ин ҳамла қасосе ба амалиёти низомии артиш дар минтақа мебошад.

Навоз Шариф-нахуствазири Покистон ин ҳамларо “фоҷеаи миллӣ” номид ва аз ҳизбҳои порламонӣ хост, ки 17 декабр дар конфронсе дар Пешовар ҷамъ шаванд, то масъалаҳои амниятӣ дар минтақаро баррасӣ кунанд.

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, “террористҳо бори дигар манҳусии худро нишон доданд”. Дар ҳамин ҳол Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ гуфтааст, ки “ин як амали ваҳшатангез ва нишонаи тарсуиву буздидлист”.

XS
SM
MD
LG