Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду рӯҳонӣ дар Ваҳдат барои таълими ноболиғон


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зимни гузаронидани як амалиёти вижа дар ноҳияи Ваҳдат 25 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, ду рӯҳониро боздошт кардааст, ки дар манизили зисти худ ба ноболиғон ва ҷавонон таълими исломӣ медодаанд. Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 16 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ Комилҷон Аҳроров, сокини шаҳри Ваҳдат дастгир карда шуд, ки вай муддати 6-сол инҷониб дар манзили зисташ ба ноболиғон таълими исломӣ медодааст. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки таълимоти ин шахс ғайриқонунӣ буда, дар манзили зисташ ҳаққи тадрис надоштааст ва шогирдони ӯ аслан хурдсолони то 14 сола буда, аз минтақаи Ромит ва Ваҳдат барои тадрис ба назди Комилҷон Аҳроров меомадаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ меафзояд, ки дар рӯзи амалиёти вижа, ки рӯзи 15 декабр сурат гирифт, як рӯҳонии дигар аз ҳамин ноҳия бо номи Саидмӯъмин Рашидов дастгир карда шуд, ки ӯ муддати 5-сол дар манзили истиқоматиаш бо таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул будааст. Ба қавли ин ниҳод, шогирдони Саидмӯъмин ҳудуди 13 нафар буда, талабаи аз ҳама хурдсолаш зери синни 5 буда ва калонтаринаш то 15 сола будааст. Шогирдони вай аслан сокинони ноҳияи Ёвон, шаҳри Душанбе,Тавилдара, Рудакӣ ва аз дигар навоҳии атрофи пойтахт будаанд. Вазорати корҳои дохилӣ мегуяд, Саидмӯъмин Рашидов ҳангоми таълим аз зӯр нисбати шогирдон кор гирифта, бо зарбу лат дарс медодааст. Ба гуфтаи манбаъ, феълан алайҳи ин ду рӯҳонӣ барои таълимоти ғайриқонунии динӣ, парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG