Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷеймс Бонд-24"-- аз Моника Белуччи то Астон Мартин дар "Спектр"


Леа Сейду, Дэниел Крэйг ваМоника Белуччи(аз чап ба рост)
Леа Сейду, Дэниел Крэйг ваМоника Белуччи(аз чап ба рост)

Сэм Мендез, коргардони бахши нави "Ҷеймс Бонд" рӯзи панҷшанбе 4 декабр дар як нишасти матбуотӣ номи қисмати бисту чаҳоруми ин маҷмуа ва номҳои шуморе аз бозигарони ин филмро эълон кард.

Спектр (Spectre) ё Шабаҳ номи бисту чаҳорумин қисмати силсилафилмҳои "Маъмур 700" хоҳад буд, ки ишора ба номи як гурӯҳи террористӣ дорад. Ин филм ҳам монанди филми қаблии маҷмуи Ҷеймс Бонд "Скай фалл" (Skyfall) тавассути Сэм Мендез (Sam Mendes) коргардони бритониётабор сохта хоҳад шуд ва Моника Белуччи ва Кристоф Валс аз бозигарони ин филм ҳастанд.

Бозигари нақши "Маъмур 700" дар Спектр " Дэниел Крэйг (Daniel Craig) хоҳад буд, ки дар се филми қаблии ин маҷмӯаи дар нақшҳои Ҷеймз Бонд зоҳир шуда буд. Дэниел Крэйг пас аз Шон Коннери, Ҷорҷ Лэзенби, Роҷер Мур, Тимоти Далтон, Пирс Броснан шашумин бозигари Ҷеймс Бонд дар ин серияи филмҳост. Ин бозигари 46 солаи бритониёӣ ҳамчунон қарор аст дар қисмати бисту панҷуми Ҷеймс Бонд ҳам нақш бозӣ кунад.

Агар иттифоқи хосе рух надиҳад, "Бонд 25"- ро, ки ҳанӯз номи мушаххас надорад, Сэм Мендез коргардонӣ хоҳад кард ва ба эҳтимоли зиёд дар соли 2019 ба экран барояд.

Моника Белуччи, бозигари саршиноси итолиёӣ ҳамроҳ бо Леа Сейду, бозигари филми "Обӣ гармтарин ранг аст" қарор аст, бозигарони зани аслии филми нави Ҷеймс Бонд бошанд. "М" Рэйф Файнс дигар бозигари бритониёитабори ин филм ҳам дар нақши маъруф зоҳир хоҳад шуд.

Кристоф Валс барандаи ду ҷоизаи Оскар ҳам дар филми Ҷеймс Бонд 24" нақши аслии ин филм ва раҳбари гурӯҳи "Спектр"-ро бозӣ хоҳад кард.

Аммо филмбардории "Спектр" қарор аст рӯзи душанбеи 8 декабр оғоз шавад ва бино ба гуфтаи авомили созанда, сохти ин филм ҳафт моҳ дар ҷойҳои мухталифе дар Бритониё, Итолиё, Мексика ва Австрия ба тӯл хоҳад анҷомид.

Мошини маъмури "Ҷемс Бонд" дар филми "Спектр" Aston Martin DB10 хоҳад буд. Аз он тавр, ки эълом шуд, саҳнаҳои аслии таъқиб ва гурези навтарин филми Ҷеймз Бонд" баҳори соли оянда дар шаҳри Руми Италия наворбардорӣ хоҳад шуд. Тибқи барнома, "Спектр" 23 октябри соли 2015 ибтидо дар Бритониё ва сипас шашуми ноябри ҳамон сол дар Амрикои Шимолӣ рӯи парда меравад.

Филномаи "Спектр" -ро Ҷон Логан бар асоси шахсияти сохташуда тавассути Йеон Филминг (Eon Productions) муаллифи маҷмуаи романҳои Ҷемз Бонд, навишта аст .

Скай Фалл охирин қисмати Ҷемз Бонд, ки дар соли 2012 ба намоиш даромад, бо фурӯши 1,1 миллиард доллар дар сатҳи ҷаҳонӣ ба пурфурӯштарин филм дар ин маҷмуа бадал шуд ва ҳамчунин аввалин филми бритониёӣ буд, ки дар ин кишвар ба фурӯши пеш аз 100 миллион фунт даст ёфт.

Маҷмуаи филмҳои "Ҷеймс Бонд" бо фурӯши ҷаҳонӣ беш аз панҷ миллиард доллар, дар ҷойгоҳи дувуми пурфурӯштарин филмҳои дунболадори таърихи синамо, баъд аз маҷмуаи Ҳарру Поттер қарор дорад.

XS
SM
MD
LG