Вакилони порлумони Арманистон бо кулли оро паймони пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ба раҳбарии Русияро тасвиб карданд. Дар раъйгирии рӯзи 4-уми декабр 103 вакил аз пайвастан ба ин иттиҳод тарафдорӣ кардаанд, 7 нафар раъйи мухолиф ва як нафар бетараф раъй додааст. Баҳси шомил шудан ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё дар порлумони Арманистон рӯзи 1-уми декабр шурӯъ шуд. Даҳҳо нафар аз фаъолони мухолифони давлат тайи чаҳор рӯз дар назди порлумон тазоҳурот карда ва аз вакилон мехостанд, ки аҳдномаро напазиранд. Ба гуфтаи тазоҳургарон, узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё истиқлоли Арманистонро зери суол мебарад. Серж Саркиссиён, раиси ҷумҳури Арманистон, созишномаи пайвастан ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро моҳи октябр дар як маросиме дар шаҳри Минск имзо кард. Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё аз якуми январи соли оянда ба фаъолият шурӯъ мекунад ва дар он акнун Русия, Белорус, Қазоқистону Арманистон шомиланд.