Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар даргирии Грозний 19 нафар кушта шуданд


Мақомоти Ҷумҳурии Чеченистони Русия мегӯянд, дар натиҷаи даргирии чансоата байни тундравон ва нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри Грозний 10 маъмури пулис ва 9 ҷангҷӯ кушта шуданд. Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон рӯзи 4-уми декабр гуфт, амалиёти зиддитеррористӣ алайҳи тундравоне, ки ба як посгоҳи нозирони роҳ ҳамла карданд ва бинои нашриётро гирифтанд, ба анҷом расид ва дасти кам 9 тундрав кушта шуданд. Кумитаи зиддитерористии Чеченистон гуфт, ки дар ҷараёни даргирӣ бо тундравон 10 маъмури пулис кушта шуданд ва 28 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бинои нашриёт оташ гирифт ва таркишу тирандозӣ маркази Грознийро такон дод. Ҳодиса дар маркази Грозний, яке аз бузургтарин даргириҳо дар ин шаҳр аст, ки Русияро онро баъд аз ду ҷанги харобиовар дар Чеченистон бо харҷи зиёде бозсозӣ кард. Ҷангҳо сабаби ифротгароии исломӣ дар Чеченистон шуд.

XS
SM
MD
LG