Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримоти нав алайҳи ҷудоихоҳони Украина


Иттиҳодияи Аврупо бар зидди раҳбарони ҷудоихоҳони шарқи Украина, ки интихоботро ташкил карданд, таҳрим эъмол кард. Рӯзи 29-уми ноябр Иттиҳодияи Аврупо номи 13 пешвои ҷудоихоҳон ва 5 созмони сиёсии онҳоро нашр кард, ки дар сурати доштани ҳисоби бонкӣ ва ё моликият дар қаламрави иттиҳодия аз дастрасӣ ба онҳо маҳрум мешаванд ва ё ба онҳо раводиди сафар ба кишварҳои узв дода намешавад. Дар ин феҳрасти Иттиҳодияи Аврупо то кунун 119 фард ва 23 муассиса шомил карда шудааст. Қарор дар бораи эъмоли таҳримот алайҳи ҷудоихоҳони Украина рӯзи 27-уми ноябр дар нишасти сафирони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел қабул шуд. Ҷудоихоҳон дар шаҳрҳои Донетск ва Луҳанск рӯзи 2-уми ноябр интихоботи раҳбарони минтақаро баргузор карданд. Кишварҳои ғарбӣ интихоботро ғайриқонунӣ хонданд, Русия гуфтааст, ки натиҷаҳои онро ба расмият мешиносад.

XS
SM
MD
LG