Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хоманаӣ: Ғарб тавони ба зону нишондани Эронро надорад


Оятулло Алии Хоманаӣ, раҳбари аъзами Эрон, изҳор намуд, фишори кишварҳои ғарбӣ болои Теҳрон дар робита ба барномаи ҳастаияш наметавонанд Эронро ба зону нишонанд. Изҳороти ӯ рӯзи 25 ноябр дар Твиттер нашр шуд. Оятулло Хоманаӣ баъдан дар як муроҷиат бо рӯҳониёни кишвар ҳам ин гуфтаҳояшро такрор намуд, ки кишварҳои аврупоӣ ва Амрико фишори шадидеро барои ба зону нишондани Эрон дар робита ба барномаи ҳастааш карданд ва аммо муваффақ нашуданд ва нахоҳанд шуд.

Музокироти ҳастаӣ миёни Эрон ва “шашгона” – панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ – ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ба изофаи Олмон бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо дар Вена, пойтахти Австрия, шоми душанбе бенатиҷа поён ёфт. Қарор буд, ки дар фарҷоми ин музокирот то 24 ноябр созиши ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эрон имзо шавад. Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки мӯҳлати гуфтугӯҳои ҳастаӣ то 30 июни соли оянда тамдид шавад.

XS
SM
MD
LG