Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон омӯзгорро ба ҳабс гирифтанд


Дар Қазоқистон як омӯзгори мактабро ба ҳабс гирифтанд. Дар ҷараёни дарси ҳарбӣ як норинҷак ё граната таркидааст ва як духтари 16 сола дар ин ҳодиса кушта шудааст.

Чанд нафари дигар аз донишомӯзон бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд. Ин ҳодиса 17 ноябр дар шаҳри Алмаато рух додааст.

18 ноябр пулиси шаҳр ба матбуот гуфт, ки ин омӯзгори 47 солаи дарсҳои ҳарбӣ дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ин омӯзгор барои куштор ва истифодаи ғайриқонунии маводи тарканда муттаҳам дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG