Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри видеои сарбуриҳои "Давлати исломӣ"


Дар як видео, ки рӯзи 16 ноябр зоҳиран аз сӯи созмони тундрави “Давлати исломӣ” нашр шуд, саҳнаи буридани сари Питер Кассиг ва чандин сарбози суриягиро нишон медиҳад. Ин корманди амрикоии як созмони имдодӣ, ки ҳамчун Абдураҳмон Кассиг ҳам маъруф аст, 26 сол дошта, соли гузашта вақте ба қурбониёни ҷанги Сурия кумак мерасонд, рабуда шуд.

Дар навори 16-дақиқаии ҷангиён аксҳое ҷой дода шудаанд, ки иддао мешавад, лаҳзаҳои буридани сари Каасссиг ва дастикам 15 низомии содиқ ба режими Башор Асад мебошад. Нашри ин видео мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалиро ба бор овард.

XS
SM
MD
LG