Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Понта дар интихоботи президентии Руминия пешсаф аст


Дар Руминия рӯзи 16 ноябр даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шуд. Бар пояи назарсанҷиҳо, дар сабқат нахуствазири феълӣ Виктор Понта аз рақибаш Клаус Иоханнес, мири шаҳри Сибу ва намояндаи аққалиятҳои олмонитабор пеш гузаштааст.

Виктор Понта аз моҳи майи соли 2012, баъд аз истеъфои ҳукумати пешин, ба курсии нахуствазирӣ нишаст – ҷонибдорони ӯ бо интиқоди чораҳои шадиди сарфаи буҷа дар интихоботи парлумонӣ пирӯз шуданд. Дар интихобот феълии президентӣ Виктор Понта аз шиорҳои миллатгароёна кор гирифт, ки боиси тезутундии сабқат гардид.

Дар даври аввал мири шаҳри Сибу Клаус Иоханнес, ки қаблан омӯзгори фанни физика буд, аз Виктор Понта даҳ дар сад камтар раъй гирифта буд.

Барандаи интихобот дар курсии президентӣ Траян Бэсескуро иваз мекунад, ки ду давра раисиҷумҳури Руминия буд.

Қарор аст, ки натиҷаҳои пешакии интихоботи раёсатҷумҳури Руминия рӯзи душанбе эълон шавад.

XS
SM
MD
LG