Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи "Мемориал" то 17 ноябр мавқуф гузошта шуд


Додгоҳи Олии Русия мурофиаи додгоҳии “Мемориал”-гурӯҳи маъруфи ҳуқуқи башари ин кишварро то 17 ноябр мавқуф гузошт. Бар зидди “Мемориал” ҳукумат ба додгоҳ шикоят будааст.

Вазорати адлияи Русия аз додгоҳ хостааст, ки ба сабабҳои фаннӣ ё техникӣ фаъолияти “Мемориал”-ро боздорад. Ин сабабҳои фаннӣ бо сабти номи ин созмон иртибот доштааст. Мурофиа бояд 13 ноябр баргузор мешуд. Додгоҳи Олӣ дар бораи мавқуф гузоштани мурофиа хабар пахш кардааст, вале сабабҳои онро шарҳ надодааст.

“Мемориал” дар Русияву Украина, Қазоқистон ва Латвияву Гурҷистон бештар аз 50 гурӯҳ дорад ва онҳоро сарпарастӣ мекунад.

Ин созмон соли 1989 зери ҳимояти Андрей Сахаров-барандаи ҷоизаи Сулҳи Нобел ташкил шуд ва ҳадафи он ифшои нақзи ҳуқуқи башар дар давраи кумунистҳо дар Русия навин буд.

XS
SM
MD
LG