Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати СБП дар Тоҷикистон


Ҳайати Сандуқи байналмилалии пул (СБП) дар раъси Ҷонатан Дан, раҳбари ин ҳайат дар Тоҷикистон қарор дорад ва бо тими иқтисодии ҳукумати ин кишвар вазъи макроиқтисодии кишварро баррасӣ хоҳад кард. Дафтари матбуоти вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки рӯзи гузашта мулоқоти ҳайати СБП бо Абдусалом Қурбонов, вазири молия анҷом шуд ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар меҳвари ин дидор будааст.

Ба иттилои ин манбаъ дар ин мулоқот, гузориши вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон то кунун ва рушди он то поёни соли ҷорӣ мавриди баҳсу баррасии тарафҳо сурат гирифт. Ин манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо, дар атрофи ҳама ҷанбаҳои марбут ба вазъи макроиқтисодии Тоҷикистон, риск ё хатарҳо, масоили содироту воридот, курби асъор ва дар маҷмуъ дурнаоми ин бахш табодули назар карданд.

Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ “нақшаҳои буҷаи соли 2015, сарфу хароҷот ва маблағгузории он, масоили бонкии кишвар, ба хусус фаъолияти “Агроинвестбонк”, мониторинги корхонаҳои давлатӣ, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ” аз дигар мавзуоти матруҳаи ин дидор будааст.

XS
SM
MD
LG