Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си Тзинпин ва нахуствазири Ҷопон Синдзо Абэ рӯзи 10 ноябр дар Пекин ба хотири рафъи танишҳо миёни ду кишвар дидору гуфтугӯ карданд. Мулоқот дар долонҳои нишасти сарони созмони ҳамкориҳои иқтисодии Осиёи Уқёнуси Ором (АТЕС) сурат гирифт.
Синдзо Абэ дар сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки бо андешаи раҳбари Чин дар мавриди таҳияи механизми аз байн бурдани бӯҳронҳо дар баҳр мувофиқ аст. Ба иттилои мансабдорони чиноӣ, Си Тзинпин ба Синдзо Абэ гуфтааст, ки робитаҳои мӯътадили дуҷониба ба манфиати ду кишвар аст.
Се рӯз аз ин пеш ҳайатҳои Чину Ҷопон ба созише расиданд, ки барои беҳбуди робитаҳои дуҷониба талош намоянд ва таваҷҷуҳро ба қазияи ҷазираҳои баҳсталаби Сенкаку камтар кунанд. Тайван, Чин ва Ҷопон даъвои соҳибии ин ҷазираҳои воқеъ дар баҳри Чини Шарқиро доранд, ки дар 200 километрии Тайван ва 400 километр дуртар аз шаҳри Нахаи Ҷопон ҷойгиранд. Ин бӯҳрон ба робитаҳои миёни Пекин ва Токио латмаи шадид задааст.