Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи барои ташкили ҳукумати Украина идома мекунад


Қарор аст, рӯзи 28-уми октябр гуфтугӯи намояндагони аҳзоби сиёсии Украина барои ташкили ҳукумати эътилофӣ идома кунад. Даври аввали музокирот рӯзи 27-уми октябр бо ҳузури Петро Порошенко, раиси ҷумҳур, Арсений Ятсенюк, нахуствазири Украина ва Андрей Садовий, раиси шаҳри Лвов баргузор шуд. Баъди шумориши 70 дар сади орои интихоботи порлумонии Украина дар рӯзи 26-уми октябр, аҳзоби Порошенко ва Ятсенюк бештар аз 21 дар садӣ раъйи мардумро ба даст овардаанд. Ҳизби "Самопомиш"-и Андрей Садовий як ҳизби дигари аврупогарои Украина 13 дар сади орои мардумро соҳиб шудааст. Нозирони байналмилалӣ гуфтаанд, ки интихобот бар тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифт ва давлати Русия изҳори умедворӣ кардааст, интихобот бо овардани ҳукумати “созанда” танишҳоро коҳиш медиҳад. Интихоботи порлумонӣ баъди аз як соли талотумҳои сиёсӣ дар Украина, хунрезӣ дар шарқи ин кишвар ва ба қаламрави Русия ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим баргузор шуд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, интихоботи порлумониро, “як марҳилаи муҳими дигари таҳаввулоти демократӣ дар Украина” хондааст.

XS
SM
MD
LG