Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз тасмими Туркия ҳимоят кард


Амрико аз тасмими Туркия дар бораи додани роҳи убури пешмаргаҳои курди Ироқ ба қаламрави Сурия истиқбол кард. Шаҳри Кубонӣ дар муҳосираи тундравҳои Давлати Исломӣ қарор дорад ва пешмаргаҳо барои аз муҳосираи тундравҳо баровардани шаҳр ба он ҷо мераванд.

Тақрибан як моҳ пешмаргаҳои курд дар Кубонӣ зери ҳамлаи тундравҳо қарор доранд. Мевлут Човушуғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия 20 октябр тасмими Туркияро дар Анкара эълон кард, вале дар бораи ҷузъиёти ин тасмим чизе нагуфт, ба ҷуз ин ки дар ин бора музокирот идома дорад.

Хонум Марие Ҳарф-муовини сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, “мо аз изҳороти вазири корҳои хориҷаи Туркия истиқбол мекунем”.

19 октябр низомиёни Амрико аз ҳаво ба пешмргаҳои курд дар шаҳри Кубонӣ кӯмак карданд, аз ҷумла аслиҳаву муҳимот партофтанд.

XS
SM
MD
LG