Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма дар Ҳимолой боиси ҳалокати 39 сайёҳу раҳбалад шуд


Бар асари тарма дар кӯҳҳои Ҳимолой, ки рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ пайваст, дасти кам 39 нафар ба ҳалокат расид. Мақомоти Непал рӯзи 18 октябр хабар доданд, ки тавассути сафарбарсозии чархболу ҳавопаймоҳо ва гурӯҳҳои наҷотбахшӣ садҳо кас аз марг раҳо ёфтанд. Бештари наҷотёфтагон сайёҳони хориҷӣ ва раҳбаладҳои маҳалли онҳоянд. Як теъдод аз онҳо бо дасту пойҳои сардзада ба бемористон интиқол ёфтанд.

Ҷустуҷӯи ҷасадҳои қурбониёни офтаи табиӣ идома дорад. Мақомоти маҳаллии Непал мегӯянд, ки амалиёти ҷустуҷӯву наҷот аз минтақаи хело бузург мегузарад ва ҳанӯз маълум нест, чанд каси дигар зери тарма мондаанд.

XS
SM
MD
LG