Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Душанбе бо 21 ширкати ҳавопаймоӣ ҳамкорӣ дорад


Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯяд, ки бо 14-ширкати ҳавопаймоии кишварҳои Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ, 5-ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷаи дур, 2-ширкати ҳавопаймоии ватанӣ, дар маљмўъ бо 21 ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Ба гуфтаи Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи ин ниҳод, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳи соли 2014 ба 527,955 нафар мусофири рафта ва ба 453,679 мусофири омада хизмат расонидааст ва миқдори умумии бор ва почтаи қабулгардида ва интиқолдодашуда аз ҷониби анбори тиҷоратии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳи соли 2014-ум 1733т.654 кг.- ро ташкил додааст. Ба гуфтаи манбаъ, давоми нуҳ моҳи гузашта 4786 адад рейсҳои доимӣ ва ба 422 адад рейсҳои чартерї хизматрасонӣ шудааст. Муҳаммадюсуф Шодиев афзуд, дар ҳамкорї бо мутахассисони Оҷонсии Япония оид ба рушди байналмилали «JICA» (Ҷайка), барномаи такмили фурудгоҳи Душанбе омода карда шуд. Мутобиқи ин тарҳ, дар фурудгоҳи Душанбе бунёди терминали боркашонї ва харидории системаи фуруди автоматии ҳавопаймоҳо (ILS), насби системаи чароғакҳои роҳнамо барои фурудоии ҳавопаймоҳҳо (PALS) ҳудуди 15-20 млн доллари амрикоӣ амалӣ карда мешавад. Фурудгоҳи байналмилалӣ умедвор аст, ки бо бунёди терминали боркашонӣ, ҳамлу нақли борҳо ба маротиб зиёд гардида, ширкатҳои зиёди ҳавопаймої ба фурудгоҳи Душанбе ҷалб карда мешаванд.

XS
SM
MD
LG