Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш муттаҳамро дар зиндони Кобул ҳалқовез карданд


Ҳукми додгоҳии шаш нафар, аз ҷумла, панҷ марди муттаҳам дар таҷовуз ба номуси дастаҷамъии чаҳор зан, рӯзи 8 октябр, дар маҳбаси Кобул аз тариқи ҳалқовез иҷро шуд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Зоҳир Зоҳир, раиси полиси шаҳри Кобул, хабар дод.

Додгоҳ панҷ тан аз ин афродро моҳи гузашта дар рабудан ва таҷовуз ба номуси гурӯҳи заноне айбдор кард, ки баъд аз як сӯри арусӣ ба Кобул бармегаштанд. Ин ҳодиса боиси эътирозҳои густурда гардид ва ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ аз тариқи телевизиони Афғонистон мустақим намоиш дода шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз раисиҷумҳури Афғонистон Ашрафғанӣ Аҳмадзай хоста буданд, ки ҳукми эъдомро лағв кунад, зеро, аз нигоҳи онҳо, далелҳои мӯътамади ҷинояти ин афрод зери даст нест ва гӯё онҳо зери шиканҷа гуноҳро ба гардан гирифтанд.

XS
SM
MD
LG