Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко барномаи ислоҳот дар Украинаро муаррифӣ мекунад


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 25 сентбяр, барои нахустин бор ба ҳайси сарвари кишвар нишасти хабарӣ баргузор мекунад. Дар ҷараёни ин нишаст ӯ барномаи ислоҳот то соли 2020-ро муаррифӣ хоҳад кард.

Аз ин пеш раисиҷумҳур зери фармон “Дар бораи чораҳои оҷили мудофиаи Украина ва таҳкими тавоноии дифоии кишвар” имзо гузошт. Ин санад, ки як бахши он сиррӣ эълон шудааст, 28 август дар нишасти Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиа пазируфта шуда буд ва аз рӯзи нашр ҳукми қонунро мегирад. Бар пояи фармон, Украина ба ҳамкории стратегӣ бо ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО бартарӣ медиҳад.

Раисиҷумҳур ба кобинаи вазирон фармудааст, тарҳи қонунеро таҳия кунад, ки дар он вуруди Украина ба эътилофҳои низомӣ мумкин шавад. Петро Порошенко ҳамчунин аз ҳукумат хост, ки барои аломатгузории якҷонибаи марз бо Русия ва таҳияи таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Маскав иқдом кунад.

Бо амри сарвари давлат, Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиа бояд тайи ду моҳи оянда тарҳи доктринаи нави низомиро таҳия намояд. Аз ин пеш ин Шӯро тасмим гирифт, ки аз тирамоҳи соли равон даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбиро аз сар бигирад.

XS
SM
MD
LG