Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди маориф таъсис хоҳад ёфт


Барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва мақомоти давлатӣ ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф дар Тоҷикистон Шӯрои миллии рушди маориф таъсис долда хоҳад шуд. Бино бар иттилои хабаргузории “Ховар” дар ин бора ҳукумати Тоҷикистон як қарори вижа қабул кардааст. Ба эҳтимоли зиёд ниҳоди нав низ шабеҳи шӯроҳои дигари соҳавӣ фаъолият хоҳад кард. Дар қарори ҳукумати Тоҷикистон гуфта мешавад, ки чунин шӯро ҳамчунин дар назди ниҳодҳои иҷроияи ҳукумат дар вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, дигар шаҳрҳро ва ноҳияҳои тобеи марказ таъсис дода хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG