Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон барои сармоягузории “Толибон”


Мақомоти пулиси Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони сармоягузорӣ дар фаъолияти гуруҳи мамнӯи Толибон боздошт ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ба қавли онҳо, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз ӯ ном бурда намешавад, ҳангоми амалиёти кормандони Хадамоти амнияти Русия дастгир шудааст.

Ҳоло ин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздошт буда, қазияи ӯ аз сӯи муфаттишони рус таҳқиқ мегардад. “Толибон” дар қаламрави Русия ба ҳайси ҳаракати террористӣ шинохта ушда, аъзои он барои барномарезӣ ва иҷрои амалҳои террористӣ айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG