Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комилзода: "Нархи манзил аз бархе кишварҳои минтақа арзонтар аст"


 Абдувалӣ Комилзода,
Абдувалӣ Комилзода,

Масъулони кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯянд, нархи манзили зист дар Тоҷикистон аз баъзе кишварҳои минтақа арзон аст. Абдувалӣ Комилзода, раиси кумитаи сохтмон ва меъморӣ рӯзи 16-уми июл гуфт, ки нархи манзили истиқоматӣ дар маркази Душанбе то 1200 доллар барои метри мураббаъ ва дар канори пойтахт то 850 доллар аст. Ҳамчунин Комилзода гуфт, ки нархи хонаи истиқоматӣ аз корхонаи сохтмонии «Манзили дастрас» барои ҳар метри мураббаъ то 350 доллар аст. Масъулони кумитаи сохтмон ва меъморӣ гуфтанд, ки дар шаш моҳи соли равон 307 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта шудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Комилзода, ҳоло дар кишвар сохтмони 836 бино идома дорад. Аммо таҳлилгарон нархи манзили зистро дар Тоҷикистон бештар аз он медонанд, ки кумитаи сохтмон мегӯяд. Аксари аҳолии Тоҷикистон, ки маоши миёна дар ин кишвар 533 сомонӣ аст, имкони хариди хонаи истиқоматӣ надоранд. Аммо Абдувалӣ Комилзода гуфт, ки нархи манзили зист дар Тоҷикистон ба шарти он арзон мешавад, ки "агар бӯҳрони молӣ ба миён ояд ва талабот ба хариди хонаҳо кам шавад."

XS
SM
MD
LG