Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Нуробод барои дузанагӣ 4000 сомонӣ ҷарима шуд


Додгоҳи ноҳияи Нуробод, шарқи Тоҷикистон, Xомиев Шарафиддин, сокини ин ноҳияро барои дузанагӣ ҳамчун ҷазо аз рӯи кодекси ҷиноӣ 4000 сомонӣ ҷарима кардааст.

Саидраҳмон Бобиев, ёвари раиси Додгоҳи ноҳияи Нуробод рӯзи 8-уми июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки мурофиаи ниҳоӣ ба таври кушод сурат гирифт ва додгоҳ Xомиев Шарафидин, сокини деҳаи Калназари ҷамоати Сафедчашмаро, ки феълан бекор ва соҳиби ду зан мебошад ба андозаи 100 нишондод муҷозот кард. Ҳар нишондиҳанда 40 сомониро ташкил мекунад.

Тавре аз додгоҳи ноҳияи Нуробод мегӯянд, Xомиев Шарафидин соҳиби 5 фарзанд буда аз болои зани аввалаш боз зан гирифта ва ҳамзамон бо ҳарду зиндагии якҷоя доштааст, ки ин амал мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон мамнуъ аст.

Додгоҳи Нуробод бо назардошти ҳолатҳои вазъи иҷтимоии зиндагии хонаводагии айбдоршаванд ӯро бо моддаи 170 Кодекси ҷиноӣ яъне, «бо ду ё якчанд зан зиндагӣ кардан» гунаҳкор дониста сипас гуноҳи ӯро кам карда бо моддаи 63-и Кодекси ҷиноӣ иваз намуда ҷарима кардааст.

XS
SM
MD
LG