Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии таъмини амнияти марзҳои СҲШ


Таъмини амнияти марзҳо ба манзури мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб аз мавзуҳои аслии нишасти рабарони ниҳодҳои марзбонии кишварҳои узси Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон будааст.

Дафтари намояндагии Тоҷикистон дар СҲШ рӯзи ҷумъа, 27-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "нишасти раҳбарони ниҳодлҳои марзбонии кишварҳои узви СҲШ муддати ду рӯзи ахир таҳти раёсати Тоҷикистон дар шаҳри Қайроқум ва бо ширкати раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва ҳамчунин намояндагони котиботи СҲШ, кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии алайҳи террористии СҲШ баргузор гардид."

Ба таъкиди ин манбаъ, вазъ дар марзи кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар меҳвари нишасти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии ин созмон қарор дошт ва ҷониби Тоҷикистон дар назди ширкатдорони нишаст роҷеъ ба таҳияи барномаи муштараки ниҳодҳои марзбонии кишварҳои СҲШ ҷиҳати таъмини амният дар пасманзари хуруҷи нируҳои Эътилофи Байналмилаллӣ аз қаламрави Афғонистон гузориш дод.

Дар ин ҳамоиш таъкид шудааст, ки ба манзури мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои номатлуб дар шароити феълӣ андешидани чораҳои муштарак барои таъмини амнияти марзҳои СҲШ амри зарур аст.

Интизор меравад, масоили таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, бахусус вазъи Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нируҳои НАТО аз ин кишвар то поёни соли ҷорӣ ва паёмадҳои он барои кишварҳои ҳамсоя аз мавзуоти меҳварии нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе хоҳад буд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG