Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавои номусоид ва бориши зиёди борон дар Тошканд


Субҳи 30-юми май дар шаҳри Тошканди Узбакситон ва атрофи он борони сахт боиси зиёд шудани об дар кӯчаҳо гардид. Тавре бахши узбакии радиои Озодӣ иттилоъ дод, дар як муддати кӯтоҳ чанд истгоҳи метрои шаҳри Тошканд пур аз об шуда ба рафтуои мардум мушкил эҷод кард. Дар кӯчаҳои шаҳри Тошканд, ки 4 миллион аҳолӣ дорад, тамбашавии мошинҳо низ зиёд шудааст. Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбакситон хабар медиҳад, ки дар роҳу кӯчаҳо зиёд шудани сел ба аҳолӣ душворӣ овард. Шамоли сахт ва ҳавои номусоид дар Тошканд субҳи имрӯз боиси боридани боронҳои беист шудааст. Дар вилояти Ҷиззах ҳам аз субҳи ҷумъа чунин боду ҳаво ба қайд гирифта шудааст. Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбакистон аз паёмадҳои нохуши ҳавои номусоид ҳушдор медиҳад.
XS
SM
MD
LG