Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз вируси MERS як нафар дар Эрон ҷон дод


Вируси MERS
Вируси MERS
Бино ба гузоришҳо, Эрон аз вируси MERS ё вируси роҳи нафас, ки дар Ховари Миёна пайдо шудааст, нахустин талафоти ҷонӣ додааст. Дар ин бора матбуоти Эрон 29 май хабар додааст.

Хабаргузории ИРНО аз қавли Муҳаммад Маҳдӣ Гӯё-мақоми расмии вазорати беҳдошти Эрон гузориш додааст, ки ин вирус сабаби марги як зани 53 сола дар шаҳри Кирмон шудааст.

28 май рӯзномаи “Ҳамшаҳрӣ” аз қавли Гӯё навишт, ки дар шаҳри Кирмон ду хоҳар бо вируси MERS олуда шудаанд. Вале то ҳол рӯшан нест, ки ин занҳо чӣ тавр гирифтори вирус шудаанд. Вазорат дар ин бора маълумот надодааст.

Бори аввал дар бораи мавҷудияти ин вирус ду сол пеш аз Арабистони Саъудӣ гузориш дода буданд. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт 28 май гуфт, ки дар ин муддат 636 мавриди гирифторӣ ба ин вирусро сабти ном кардааст ва дар саросари ҷаҳон аз он 193 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG