Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии масоили мубориза бо ҷинояткорӣ дар минтақа дар машварати Шонгҳой


Дар ҷаласаи машваратии ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки имрӯз 21-уми май дар шаҳри Шонгҳой Чин ба кори худ оғоз намуд, масоили амният ва ҳамкорӣ дар минтақа ва саҳмгузорӣ дар ҷараёнҳои ҷаҳонии мубориза бо терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре аз дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз иттилоъ доданд, дар ин ҳамоиш Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки “Тоҷикистон омода аст, дар ин раванд саҳми намоёни худро гузорад”. Ба гуфтаи манбаъ барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони 11 давлати қитъаи Осиё, роҳбарони 10 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва ҳайатҳои аз давлатҳои дигари аъзо ва нозири ин созмон иштирок доранд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз 16-уми май бо сафари корӣ дар давлати Чин қарор дорад. Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё чун созмони минтақавӣ соли 1992 таъсис ёфта, то ҳол 24 кишвари аъзо ва 13 нозир дорад.
XS
SM
MD
LG