Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барфи охирин"-и Абдуғаффори Абдуҷаббор дар Санкт Петербург


Дар шаҳри Санкт Петербурги Русия китоби нави нависандаи тоҷик Абдуғаффори Абдуҷаббор, раиси дастгоҳи вазорати фарҳанг бо номи "Последний снег" ё "Барфи охирин" аз чоп баромад. Абдуғаффори Абдуҷаббор, рӯзи панҷшанбеи 15-уми май зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки "воқеан маҷмӯаи "Барфи охирин" ахиран дар шаҳри Санкт - Петербург дар интишороти "Первый План" бо тирожи ҳазор нусха бо забони русӣ чоп шуд." Ба гуфтаи ҷаноби Абдуҷаббор, "Барфи охирон" даҳ ҳикоя аз маҷмӯаи силсилаҳикояҳои қаблан эҷодшудаи "Лаҳза" ва ҳамчунин повестҳои "Куҷоӣ, ту аё, мақсуди дастнорас?" ва "Барфи охирин"-ро дар бар мегирад. Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аз ин таълифоти ҷаноби Абдуҷаббор, қаблан дар Маскав ва Қазон ба чоп расида буд. Китоби нави Абдуғаффори Абдуҷабборро бо забони русӣ, тарҷумони бомаҳорат Комиламо Комилова ба рӯсӣ гардонидааст. Дар меҳвари ҳикояву повестҳои таълифкардаи Абдуғаффори Абдуҷаббор мавзӯи инсондустӣ, хулқу атвори нек, ҳифзи анъанаҳои гузаштагон, муборизаи адабии ҳаёту марг ва ғайра қарор дорад. Ин аст, ки дар охири китоб ба фаъолияти Абдуғаффори Абдуҷаббор, дӯстони русаш баҳои баланд дода ва гуфтаанд, ки "Барои мо мояи ифтихор аст, ки китоби нави шумо дар Санкт - Петербурги Русия чоп шуд. Барои маҳорату истеъдоди беназир, меҳмоннавозӣ, муҳаббат ва эҳтиром нисбати инсонҳо арзи сипос баён мекунем. Муваффақияту комёбиҳои нави эҷодиро бароят таманно дорем." Зимнан, Абдуҷағғори Абдуҷаббор нависанда, мутарҷим, драматург, аъзои кореспонденти Академияи ҳунари Тоҷикистон буда, доктори ифтихорӣ дар улуми фалсафа ва адабиёт аст.
XS
SM
MD
LG