Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафарҳои кории депутатҳои Арманистон кам мешавад


Ба вакилони парлумони Арманистон акнун танҳо дар сурати зарурат иҷозат хоҳанд дод, ки сафарҳои корӣ анҷом диҳанд. Нашрияи маҳаллии “Жоговурд” бо пахши ин хабар гуфтааст, ки ҳамакнун аз ҳама вакилон тақозо мешавад, ки танҳо дар ҳолати зарурӣ, ширкати бевоситаи онҳо дар маҷлисҳо ва дар мӯҳлати кӯтоҳи як рӯз бо ҳадафи кор ба беруни кишвар сафар кунанд. Сабаби чунин тасмим дар камбуди маблағ ва айни замон, кам будани шумори вакилони мардумӣ дар тасмимгириҳои муҳим будааст.
XS
SM
MD
LG