Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки якдафъаина ба собиқадорони ҷанг


Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ҳар як маъюб ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1940 - 1945 кӯмаки якдафъаина ба маблағи 1000 сомнӣ ҷудо карда шудааст. Раҳмат Қудратов, раиси Иттифоқи собиқадорони ҷангу меҳнат рӯзи 28-уми апрел бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар баробари иштирокчиён ва маъюбони ҷанги бузурги ватанӣ, ин кӯмак ҳамчунин ба оилаҳое, ки дар давраи ҷанг бесаробон мондаанд дод мешавад. Ба гуфтаи Раҳмат Қудратов ҳоло дар Тоҷикистон 1134 нафар маъюби штирокчӣ ва 23 оилаи бесаробонмондаи ҷанги бузурги ватанӣ боқӣ мондааст, ки танҳо ба ин гурӯҳ кӯмаки якдафъаина дода мешавад. Ҳамчунин Раҳмат Қудратов гуфт, ки дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе бо қарори раиси шаҳр ба маъюбон, иштирокчиён ва оилаҳои бесаробонмондаи ҷанг ба маблағи 900 сомонӣ, ба дигар собиқадорон, ба мисли чернобелчиён, интернетсиалистон ва шахсоне, ки дар дигар кишваҳо ҷангидаанд кӯмаки якдафъаина ба маблағи 650 сомонӣ дода мешавад. Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳамасола рӯзи 9-уми майро ҳамчун Рӯзи Ғалаба бар Олмони гитлерӣ таҷлил мекунад.
XS
SM
MD
LG