Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба нирӯҳои Амрико ба маблағи 1,1 миллион $ мебел фурӯхтааст


Бахши қарордодҳои ситоди марказии нирӯҳои артиши Амрико(C-JTSCC) дар чорчӯби барномаи “Бизнес-Портали Осиёи Марказӣ” бо ширкатҳои Тоҷикистон барои солҳои 2013-2014 ба маблағи 1 миллиону 110 000 доллар қарордодҳо имзо кардааст. Ширкатҳои Тоҷикистон дар тендерҳо барои содироти мебел ба Афғонистон баранда шудаанд. Алмаз Дюшембиев, менеҷери барномаи барномаи “Бизнес-Портали Осиёи Марказӣ” гуфтааст, “C-JTSCC зимни харидории маҳсулот ба маҳсулоте бартарӣ медиҳад, ки дар Қирғизистону Қазоқистон, Тоҷикистону Туркманистонва Узбакистон тавлид шудаанд. C-JTSCC барои таъмини нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон бештар маводи сохтмон, дорувор, маснуоти барқӣ, генераторҳо ва амсоли ин мехарад. C-JTSCC рӯзи 29 апрел дар меҳмонсарои “Ҳят Реҷенсӣ Душанбе” барои соҳибкорони тоҷик як тренинг созмон медиҳад.
XS
SM
MD
LG