Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борони шадиду боди сахт парчами миллиро поин кард


Бар асари шамоли тунду боришоти борони шаби чоршанбе ба панҷшанбе боз парчами милии баландсутун даридааст. Як нозири маҷмаъи Парчами миллӣ, ки худро Сафаралӣ Дӯстов муаррафӣ кард субҳи рӯзи 17-уми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки шоми дирӯз шамоли тунду борони сахт парчамро пор пора кард ва имрӯз бояд парчами нав афрошта шавад. Вай гуфт, ки ҳоло мунтазир хоҳанд шуд, агар шамолу борон набошад онро ҷо ба ҷо хоҳанд кард. Дар робита ба ин суол, ки чаро дар ҳар шамолу боришот парчами миллӣ медарад ё ба хотири эҳтиёт фароварда мешавад, ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки то ҳанӯз матоъи мувофиқ барои ҳар шароит пайдо накардаанд. «Борҳо матои қавитару беҳтарро интихоб мекунанд боз парчам медарад.», гуфт вай. Баландтарин парчам, ки дарозии сутуни он 165 метр аст, тобистони соли 2012 дар маркази шаҳри Душанбе барафрохта шуд ва бо баландияш ба китоби рекорди Гинес дохил шуд. Тавре масъулони Маҷмаи парчами миллӣ мегӯянд бар асари боришоту шамоли тунд инак дар чормоҳи соли равон 5 маротиба парчам иваз карда шудааст. Дарозии матои ин парчам, ки аз ҳар кунҷу канори пойтахти Тоҷикистон намудор аст, 60 ва бари он 30 метрро ташкил медиҳад. Як сокини шаҳри Душанбе Ҷамшед Ризоев мегӯяд, ки хонааш дар маркази пойтахт аст ва парчами миллӣ аз тирезаи хонааш намудор аст. Вай меафзояд, ки ҳарвақте шамоли сахту борон шавад албатта парчамро дар сутунаш дида намешавад ва ҳар боре онро иваз мекунанд маблағи зиёд харҷ мешавад. Аммо то ба ҳол гуфта намешавад, ки ба ҳар бори иваз кардани парчам чиқадар маблағ сарф карда мешавад.
XS
SM
MD
LG