Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарёфти тапонча ва беш аз 36 кило маводи нашъадор аз ҷавони 20-сола


Мақомоти корҳои дохила ҳангоми боздошт аз манзили зисти як ҷавони 20-сола як адад тапонча ва беш аз 36 кило маводи мухаддир дарёфт кардаанд. Аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохила рӯзи 15-уми апрел хабар доданд, ки кормандони ин ниҳод рӯзи 14-уми апрел зимни гузаронидани амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар рӯ ба рӯ тарабҳонаи «Шаҳриёр»-и шаҳри Душанбе, Ҷамолиддин Ятимов, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Панҷро ҳамчун гумонбар дастгир кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ аз манзили истиқоматии Ятимов, воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадиеви Душанбе беш аз 34 кило маводи нашъадори «ҳашиш» ва беш аз 2 кило «афюн», ҳамчунин як адад тапончаи тамғаи «Макаров» бо 6 дона тир дарёфт шудааст. Ҳоло Ҷамолиддин Ятимов дар боздоштгоҳи мувақатии ин вазорат нигҳдорӣ мешавад ва аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
XS
SM
MD
LG