Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо омадани Сергей Шойгу чанде аз роҳҳои Душанбе баста мешавад


Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон имрӯз бо пахши як хабар барои ронандагон хабар додааст, ки бо ташрифи вазири дифоъи Русия ба Душанбе ҳаракати мошинҳо дар як қатор хиёбонҳо барои 6 соат манъ карда хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон (БДА) рӯзи 1-уми апрел бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки 1-уми апрел дар соати 16-00 Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия ба Тоҷикистон ташриф меорад ва ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ равуои мошинҳо дар чанд хиёбонҳо масдуд карда мешавад.

Дафтари матуботи БДА мегӯяд, ки аз соати 16-00 то соати 22-00 ҳаракати мошинҳо дар кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Саъдии Шерозӣ, Қарабоев, Шестопалов, Борбад, Шевченко хиёбони марказии Рудакӣ маҳдуд карда мешавад.

БДА аз ронандагони тақозо мекунад, ки дар ин миён метавонанд аз кӯчаҳои «Н.Махсум», «Б.Ғафуров», «Карамов», «М.Турсунзода», «Шотемур» ва «Дустии Халқҳо» ҳаракат кунанд.

Сергей Шойгу дар доираи нишасти вазирони дифоъи кишварҳои узви созмони Шонҳой ба Тоҷикистон ташриф овардааст ва ӯ пас аз нишасти ин созмон, ки дар Хуҷанд идома дорад барои мулоқот бо презилденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пойтахт меояд.
XS
SM
MD
LG