Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқгарони ҳабҳои синтетикӣ боздошт шуданд


Кормандони Оҷонсии назорати маводи мухадири Тоҷикистон як гурӯҳи чорнафараро боздошт карданд, ки аз кишварҳои Аврупо ҳаб (таблеткаҳо)-и маводи мухаддири навъи «МДМА»-ро ба Хуҷанд ворид мекарданд.

Хушнуд Раҳматуллоев, раиси дафтари матбуоти Оҷонсии назорати маводи мухаддир рӯзи 7-уми феврал ба радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, дар натиҷаи гузаронидани як амалиёти махсуси фаъолияти гурӯҳи созмонёфтаи маводи мухаддирро, ки бо қочоқи таблеткаҳои синтетикии “МДМА”машғул будаанд ошкор карда ва дар авоили моҳи феврал боздошт кардаанд.

Феълан чаҳор тан аз аъзои ин гурӯрҳи қочоқбар боздошт карда шудааст, ки ҳар чаҳори онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Зимни анҷоми амалиёт аз ин гурӯҳ 1106 дона таблетакаи экстази мусодира карда шудааст, ки онҳо аз кишвариҳои хориҷӣ ба шаҳри Хуҷанд ворид намуда, сипас ҳар донаи таблеткаро дар ивази 20 ва 30 долларӣ дар марказҳои машғулияти ҷавонон, бештар дар дискоклубҳо савдо мекардаанд.

Дар ҳоли ҳозир алайҳи чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба хотири халал ворид нашудан ба ҷараёни тафтишоти пешакӣ ному насабашон ошкор карда намешавад, парвандаи ҷиноӣ моддаи 200 қисми 4 ҷочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон боз кард шудааст.

Ба гуфтаи Раҳматуллоев феълан боздоштшудагон дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG