Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарифхон Самиев Самӣ Шариф шуд


Шарифхон Самиев, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа собиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик», дар ҷаласаи ахири ҳукумати шаҳр аз табдили ному насбаш ходимони худро огоҳ кардааст

Дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа рӯзи 6-уми феврал ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи рӯзи душанбеи 3-юми феврали ҳукумати шаҳри Қурғонтеппа раиси шаҳр Шарифхон Самиев эълон кардааст, ки ному насабаш мутобиқ ба шакли миллӣ яъне Самӣ Шариф табдил кард.

Минбаъд ному насаби расмии шаҳрдори Қурғонтеппа ба шакли Самӣ Шариф навишта мешавад. Ахиран раиси Оҷонсии зидди фасод Фаттоҳ Саидов дар нишасти хабарии худ эълон кард, ки аз ному насабаш пасвандҳои русии "ов"-у "вич"-ро ҳазф намуда, ба тарзи навишти миллӣ яъне Абдуфаттоҳи Ғоиб иваз кардааст.

Пештар аз раиси Оҷонсии оҷонсии зидди фасод вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов низ дар нишасти хабарии ахири ин ниҳод аз табдили ному насбаш хабар дод. Вай гуфт, ки тарзи навишти ному насабашро тибқи арзишҳои миллӣ дуруст карда, дар ҳуҷатҳо Қосими Роҳбар дарҷ кардааст.
XS
SM
MD
LG