Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин, Русия ва Туркия - сармоягузорони асосии Тоҷикистон


Дар давоми соли гузашта ба Тоҷикистон наздики ним миллиард доллар аз хориҷи кишвар сармоягузорӣ шудааст. Рӯзи 5-уми феврал масъулони Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар нишасти хабарӣ зикр карданд, ки воридоти сармоягузориҳои хориҷӣ дар 9 моҳи соли 2013 468 миллион долларро ташкил кардааст, ки 209 миллион доллари он мустақил ва боқимонда тавассути ҷалби корхонаҳо ворид шудааст. Ба гуфтаи масъулони кумитаи сармоягузрӣ кишварҳои Чин, Русия ва Туркия аз кишварҳое мебошанд, ки аз ҳама бештар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG