Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Русия дар Душанбе


Имрӯз, нишасти Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард, ки муддати се рӯз идома хоҳад дошт. Ин нишаст дар бинои вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо ширкати мақомоти тоҷику рус, мутахассисону коршиносони соҳаҳои мухталиф баргузор мегардад. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҷаласаи навбатии Кумиссиюни байни давлатии Тоҷикистону Русия роҷеъ ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ аст, ки масоили марбут ба ҳамкориҳои мухталиф дар бахшҳои энергетика, истихроҷи нафту газ, муҳоҷират, илм ва таҳқиқотро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳад. Ҳамчунин дар чорчӯби ҷаласаи навбатии Комиссияи байнидавлатии Тоҷикистону Русия, форуми соҳибкорони тоҷику рус низ доир мешавад, ки дар канори баррасии густаришу ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, тасвиби қарордодҳо миёни ширкатҳои тиҷории тоҷику рус дар назар аст.
XS
SM
MD
LG