Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпечии мухолифини Димишқ аз ширкат дар "Женева-2"


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун
Намояндагони мухолифини ҳукумати Димишқ, ки қарор буд дар конфаронси дуввум оид ба ҳалли бӯҳрони Сурия дар шаҳри Женева ширкат кунанд, тасмими қаблияшонро лағв карданд. Онҳо сарпечӣ аз ширкат дар “Женева-2”-ро бо тасмими Дабири кулли СММ Бан Ки Мун барои ба ин нишаст даъват намудани ҳайати Эрон марбут карданд.

Намояндаи расмии Кохи Сафед Ҷейн Псакӣ изҳор намуд, ки агар ҳайати Эрон аз принсипҳои конфаронси аввал оид ба Сурия берун пой ниҳад, даъватномаи ба Теҳрон барои ширкат дар “Женева-2” фиристодашуда бояд лағв шавад.

Чанд моҳ пеш намояндагони Русия, ИМА ва СММ дар Женева роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони Сурия, аз ҷумла, имкони ба ҳукумати муваққати давраи гузариш вогузоштани қудрат дар ин кишвари арабиро баррасӣ карда буданд.

Қарор аст, ки рӯзи ҷумъа дар қароргоҳи СММ дар Женева музокироти ҳайатҳои ҳукумати Башор Асад ва мухолифини сиёсии Димишқ шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG