Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории генерал Ғайрат Адҳамов аз муовинати вазорати дифоъ


Генерал Ғайрат Адҳамов -- аз фармондеҳони маъруфи Иттиҳодияи мухолифини пешини тоҷик, ки тибқи саҳмияи 30 дарсадаи мухолифин дар вазифаи муовини вазири дифои Тоҷикистон мансуб шуда буд, аз вазифа барканор карда шуд.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 20-уми январ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки тибқи тағйироти кадрие, ки аз ҷониби президент рӯзи шанбе дар ҳайати ин вазоратхона сурат гирифт, генерал Ғайрат Адҳамов, ки муовини вазир оид ба омодагии ҷангӣ буд, барканор карда шуд. Вай гуфт, ки Ғайрат Адҳамов пурра аз системаи вазорат хориҷ нашудааст ва имкон дорад аз ҷониби вазир дар вазифаи дигар мансуб шавад. Дар мақоми Ғайрат Адҳамов ҳамчун муовини вазир дар бахши омодагии ҷангӣ Абдуҳалим Назаров, ки вай низ аз фармондеҳони мухолифини собиқ буда, тибқи саҳмияи 30 дарсада ба сохтори вазорати дифоъ пайваста буд, мансуб шудааст. Абдуҳалим Назаров дар ибтидо фамондеҳи баталони 25 уми Вазорати дифоъ буд ва баъдтар ба ҳайси сардори Раёсати хадамоти қушун ва бехатарии ин вазорат хизмат фаъолият дошт.
Генерал Ғайрат Адҳамов то замони таъин шуданаш ба ҳайси муовини вазири дифои Тоҷикистон дар соли 1999, яке аз фармондеҳони шинохтаи ҷабҳаи Тавилдара буд, ки пас аз имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 тибқи квотаи 30 фоиза ба ин симат мансуб шуда буд.
XS
SM
MD
LG