Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тандурустӣ: "Вазъи бемориҳои сироятӣ мӯътадил аст."


Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, вазъи бемориҳои сироятӣ дар қаламрави кишвар мӯътадил аст. Нусратулло Салимов рӯзи панҷшанбеи 16-уми январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "бемориҳои домана ва вараҷа тамоюли устувори пастшавиро доранд, бемориҳое назири вабо ва ҳоун умуман дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта нашудааст."

Он чӣ аз назари вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2013 дар соҳаи беҳдошти кишвар дастоварди муҳим буд, анҷом гирифтани амалиёти пайвандсозии гурда ва сутунмуҳра аст. Ин аст, ки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд. барои аввалин бор амалиёти пайвандсозии гурда дар се кӯдаки 13 ва 15 сола анҷом шуд. Ба таъкиди Нусратулло Салимов, дар соли 2013 дар маҷмӯъ 70 амалиёти пайвандсозии гурда сурат гирифтааст. Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Салимов, дар ин давра 1095 амалиёти қалбӣ анҷом гирифтааст. Тибқи иттилои вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, мавориди маргу мири модару кӯдак нисбат ба як соли пеш коҳиш ёфтааст. Агар фавти модарон дар соли 2012, 33, 6 ба сад ҳазор зинда таваллудро ташкил медод, ин рақам ба 31, 3 ба сад ҳазор зинда таваллуд расид.
XS
SM
MD
LG