Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корина Шумахер: "Шавҳарамро ором гузоред!"


Корина Шумахер, хонуми қаҳрамони собиқи мусобиқоти мошинронии “Формула 1” Михаэл Шумахер, аз расонаҳои ҷаҳонӣ хост, ки аҳли хонаводаи ӯ ва табибонро ором гузоранд. Ӯ мегӯяд, имрӯзҳо муҳимтар аз ҳама он аст, ки фишор болои табибон камтар шавад, то онҳо кори худро анҷом дода тавонанд. Хонум Корина Шумахер аз хабарнигорон, ки чанд рӯз боз дар канори бемористонанд, хост, то ин ҷойро тарк намоянд.

Михаэл Шумахери 44-сола рӯзи якшанбеи 29 декабр, ҳангоми лижаронӣ дар осоишгоҳи Мерибел дар кӯҳистони Алпи Фаронса дучори садама шуд ва сараш ба санг бархӯрд. Гуфта мешавад, ҳангоми расидани наҷотбахшон, Шумахер ҳанӯз ҳушёр буд, вале баъди интиқолаш ба бемористони Гренобл аз ҳуш рафт ва то ҳол аз ҳолати мадҳушӣ берун наомадааст.
XS
SM
MD
LG