Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Ироқ тундравонро шикаст додаанд, вале..


Нерӯҳои амниятии Ироқ ва қабилаҳои шарики онҳо, гӯшаҳое аз шаҳрҳои Рамоди ва Фаллуҷаро аз дасти тундравони исломӣ гирифтаанд. Хабарнигори бахши ироқии Радиои Озодӣ дар Рамоди гуфт, ки маъмурони пулис ва қабилаҳои суннимазҳаб, аз ҷумла қароргоҳҳои пулис ва чанд маҳаллаеро, ки тундравон ғорату ишғол карданд, пас гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, маъмурони амниятӣ дар шаҳри Фаллуҷа пешрафти камтар доштаанд, ки маҳаллаҳои наздик ба як шоҳроҳ ба самти Бағдод дар он шаҳрро, тундравони шарики Ал-Қоида тасарруф кардаанд. Рӯзи ҷумъа муфтии шаҳри Рамодӣ Аднон Мисҳовӣ аз мардум хост, ки ба нерӯҳои давлатӣ кӯмак кунанд. Ҷанг миёни нерӯҳои амниятӣ ва ситезаҷӯёни Созмони Давлатии Исломии Ироқ ва Левант рӯзи душанбе ва баъди он сар зад, ки нерӯҳои ҳукуматӣ қароргоҳи тазоҳургарони суннимазҳабро пароканда карданд.
XS
SM
MD
LG