Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хуҷанд алайҳи миссионери куриёгӣ парвандаи ҷиноӣ боз карданд


Додситонии шаҳри Хуҷанд алайҳи як зани 70 – сола, шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар гуфт, Ли Ҷон Бун бар асоси моддаи 320, қисми 2 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – додани пора ба корманди мақомоти ҳукуматӣ боздошт шудааст. Вай афзуд, мавсуф мехост ба як корманди Раёсати КДАМ дар вилояти Суғд ба маблағи 20 ҳазор доллар пора диҳад, ки аз сӯи кормандони ин раёсат ва додситонии Хуҷанд аснои ҷиноят боздошт шуд. Мақомоти амниятӣ ҳамчунин аз манзили Ли Ҷон Бун 1 туфангчаи травматикӣ бо 12 тир, як адад садопасткунак, ду ҷевони оҳании ҳомили 150 ҳазор сомонӣ пули нақд дарёфт ва мусодира кардаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, Ли Ҷон Бун, мутаваллиди соли 1944, шаҳрванди Куриёи Ҷанубӣ, сокини муваққатии шаҳри Хуҷанд ва ҳам пастори генералии маркази миссионерии Сонмин Сунбогин аст, ки соли 1992 вориди Тоҷикистон шуда, то соли 2009 дар маркази миссионерии Грей Сонмини шаҳри Душанбе фаъолият доштааст. Вазорати фарҳанг худи ҳамон сол фаъолияти маркази миссионериро манъ кард. Маркази матбуотии КДАМ мегӯяд, Ли Ҷон Бун соли 2000 Маркази хусусии тиббии шаҳри Чкаловро таъсис дода, соҳибмулки мактаби хусусии «Файз» ва меҳмонхонаи «Херсон» дар ин шаҳр аст. Ин манбаъ мегӯяд, дар ин муассисаҳо дар масъалаи андоз қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Нозирҷон Бӯриев мегӯяд, қаблан ҳама алайҳи Ли Ҷон Бун бо иттиҳоми ворид кардани маводи дорувории муҳлаташ гузашта аз рӯи моддаи 314, қисми 1 (сӯистифода аз мақому вазифа) ва 340, қисми 2 (тақаллуби асноди расмӣ) - и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба 2 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда, аммо бар асоси моддаи 71 – и кодекси мазкур – татбиқ накардани ҷазо, шартан як сол ҷазо гирифтааст.

Сухангӯи КДАМ мегӯяд, Маркази хусусии ташхиси тиббии Чкалов асбобу таҷҳизоти тиббӣ ва дигар воситаҳои ташхисӣ, 500 намуд дорувории муҳлаташ гузашта, 25 адад таҷҳизоти тиббии фарсударо, ки ба саломатии маризон хатар доранд, бе иҷозатномаи махсус ва тариқи қочоқ ба Тоҷикистон ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG