Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон ҷосуси бритониёвиро боздошт карданд


Мақомоти Эрон мегӯянд, ки дар шаҳри Кирмон, воқеъ дар ҷанубу шарқи кишвар, як ҷосуси хадамоти МИ-6-и Бритониёро боздошт кардаанд.

Хабаргузории ISNA аз қавли Додхудо Солорӣ, як мақоми додгоҳи Кирмон, навиштааст, ки фарди гумонбар дар ҷосусӣ ёздаҳ бор бо кормандони хадаомти кашфи Бритониё дар хоки Эрон ва берун аз он дар тамос будааст. Ба гуфтаи оғои Солорӣ, боздоштшуда ба гуноҳаш иқрор кардааст ва мурофиаи додгоҳии ӯ ба зудӣ шурӯъ мешавад.

Иттилоъ дар бораи боздошти ҷосуси МИ-6 дар ҳоле нашр мешавад, ки Теҳрон ва Лондон барои эҳёи робитаҳои дипломатӣ гомҳои нахустинро мегузоранд. Бритониё сафораташ дар Теҳронро моҳи ноябри соли 2011 баъд аз ҳамлаи донишҷӯён ба бинои сафорат баст. Донишҷӯён алайҳи таҳримҳои Лондон дар баробари Теҳрон эътироз карда буданд. Дар ҷавоб Эрон ҳам дипломатҳои худро аз Лондон бозхонда буд.
XS
SM
MD
LG