Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенатор Ҷон Маккейн ба Киев омад


Узви Сенати ИМА Ҷон Макейн ба хотири пуштибонӣ аз ширкаткунандагони ҳамоиши ҳамгироӣ бо Аврупо ва мулоқот бо аъзои ҳукумати Украина ба Киев омад. Сухангӯи ӯ Брайан Роҷерс ба нашрияи The Daily Beast гуфт, Маккейн дар вазъи барои Украина мушкил, ки мардум барои фардои худ мубориза мебаранд, вориди ин кишвар хоҳад шуд.

Рӯзи якшанбе сенатор аз Ҳизби демократ Крис Мёрфӣ ҳам ба Киев сафар мекунад. Ин сафар бо вазорати умури хориҷии ИМА ҳамоҳанг шудааст.

Рӯзи панҷшанбе Ҷон Маккейн аз раисиҷумҳур Барак Обама хостори сиёсати фаъолтар дар робита бо Украина шуд. Ӯ аз мақомоти Украина барои бадрафторӣ бо эътирозгарон ва тасмими сарпечӣ аз имзои созишномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо интиқод кард.
XS
SM
MD
LG