Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои ҳали бӯҳрони Украина оғоз мешавад


Интизор меравад, ки талошҳо барои коҳиши бӯҳрони сиёсии Украина рӯзи сешанбе мардуми бештарро ба майдонҳо бикашад. Ҳазорон нафар эътирозгарон ба кӯчаву хиёбонҳо баромадаанд ва аз ин роҳ ғазаби худро ба Виктор Янукович-раиси ҷумҳур, ки мувофиқатномаи ҳамгароӣ бо Арупоро имзо накард, нишон медиҳанд.
Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо барои боздиди дурӯза рӯзи сешанбе вориди Украина мешавад, то роҳҳои ҳали бӯҳронро баррасӣ кунад.

Аз сӯи дигар Виктор Янукович бо се раиси ҷумҳури пешин, яъне бо Леонид Кравчук, Леонид Кучма ва Виктор Юшенко барои ҳали ҳамин масъала ба гуфтугӯ менишинанд. Рӯзи душанбе Янкович гуфт, ки аз мулоқот бо мухолифон ҷонибдорӣ мекунад.

Бо вуҷуди чунин ваъдаҳо, рӯзи душанбе пулиси зиддитазоҳурот ба ситоди ҳизби Баткившина ҳамла бурд ва компютеру таҷҳизоти дигари ҳизбро тасарруф кард. Дар баъзе ҷойҳо пулис хаймаҳоро бардошт ва роҳҳоро ба сӯи биноҳои ҳукуматӣ баст.
XS
SM
MD
LG