Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Киев алайҳи эътирозгарон гази ашковар истифода шуд


Дар Киев, дар канори бинои ҳукумати Украина, рӯзи якшанбе миёни эътирозгарон ва кормандони ҳифзи тартибот бархӯрд ба вуқӯъ пайваст. Аз ин пеш хабаргузорҳио навиштанд, кормандони милиса алайҳи эътирозгароне, ки мехостанд, вориди бинои ҳукумат шаванд, гази ашковар истифода бурдааст. Дар намоиши ҷонибдорони ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупо дар пойтахти Украина ҳазорон нафар ширкат доранд.

Рӯзи якшанбе мухолифини ҳукумати Украина бо талаби имзои Созишномаи ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупо намоиши эътирозии бемӯҳлат эълон карданд. Намояндаи ҳизби "Баткившина", вакили парлумон Александр Турчинов гуфт, ки мухолифин дар майдони Аврупои Киев ситоди худро таъсис мекунанд.

Рӯзи 21 ноябр ҳукумати Украина дар мавриди мутаваққиф кардани раванди таҳияи Созиши ҳамгароӣ бо Иттиҳодияи Аврупо тасмим гирифт. Мухолифин ҳукумати Украинаро барои ин ҳадафи танқид қарор доданд ва талаб карданд, ки ҳама шартҳои барои имзои санад заруриро иҷро намояд, то он дар нишасти "Ҳамкории шарқӣ" дар Вилнюс имзо шавад, Нишасти "Ҳамкории шарқи"-и Иттиҳодияи Аврупо рӯзҳои 28 ва 29 ноябр доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG