Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бидзина Иванишвилӣ майдони сиёсатро тарк намуд


Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ
Бидзина Иванишвилӣ, нахуствазири собиқи Гурҷистон, эълом дошт, ки сиёсатро тарк мекунанд. Ӯ рӯзи якшанбе, 24 ноябр дар анҷумани ҳизби “Рӯъёи гурҷӣ-Гурҷистони демократӣ” дар Тифлис гуфт, “ман сиёсатро баъди он тарк мекунам, ки дар Гурҷистон як ҳукумати босамар ташкил кардем”.

Дар ин анҷуман нахуствазири феълӣ Ираклий Ғарибашвилӣ ба ҷойи Иванишвилӣ раиси ҳизб интихоб шуд. Нахуствазир дар суханроняш, аз ҷумла гуфт,ки ҳукумати нав ба ташкили давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ бартарӣ медиҳад.

Тайи ним соли ахир Бидзина Иванишвилӣ чанд бор изҳор намуд, ки баъд аз маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нав дар рӯзи 17 ноябр мақоми нахуствазир ва ҳамзамон сиёсатро тарк мекунад.

Баъд аз маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нав, бар пояи тағйирот ба Қонуни асосии Гурҷистон, бархе аз ваколатҳои раисиҷумҳур дар ихтиёри нахуствазир ва парлумон гузошта шуданд.
XS
SM
MD
LG