Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷлосияи ғайринавбатии ММ дар Душанбе баргузор шуд


Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Миллии Тоҷикистон соати 09:00-и рӯзи душанбе оғоз шуд ва дар он чанд тарҳи қонун Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз шӯъбаи умумии Маҷлиси Миллӣ рӯзи 11 ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфтанд, дар иҷлосияи имрӯз бо ворид кардани тағйиру иловаҳо ба чанд қонунҳои кишвар, аз ҷумла ба қонун «Дар бораи рамзҳои Президенти Тоҷикистон», кедекси ҷиноӣ ва чанд қонуни дигар қарор қабул шуд. Тибқи ин дигаргунӣ дар ин қонун, рӯзи савгандёдкунии президент Эмомалӣ Раҳмон, ки ба 16 ноябр таъйин шудааст, тасдиқ шуд. Ин дар ҳолест, ки дар майдони Дӯстӣ («Озодӣ»-и пешин) дар маркази Душанбе тамринҳои ниҳодҳои қудратӣ ба хотири омодагӣ ба маросими адои савганди Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шуда, идома дорад. Дар ин тамринҳо ҳудуди 5 ҳазор сарбози ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла сарбозони вазорати дифоъ ширкат доранд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз қабл аз интихоботи рӯзи 6 ноябр иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси Миллиро барои рӯзи 11-уми ноябр даъват кард.
XS
SM
MD
LG